ОБОД МЕГАРДАД ДИЁР АЗ ҲИММАТИ МАРДОНИ НЕК.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маҳз ғамхорию таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки чун пойдевору меъмори асосии сулҳу субот ва оромии Тоҷикистони азиз аз худ мактаби бузурги инсондӯстиву накукориро ба дигарон ҳадия сохтааст, ки рӯз то рӯз сафи мардони неку хайрхоҳ ва ободкору созанда дари ин мактаби саропо сулҳ, ваҳдат, ободӣ, пешрафт, ғамхорӣ дӯстиро кушода, баҳри иҷрои масъулияти шаҳрвандии хеш ва ободу зебогардонии гӯшае аз диёри гулбасари тоҷикро зери сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Роҳбари мамлакат ободу зебо намуда, аз худ ба дигарон ва наслия оянда номи нек боқӣ мегузоранд.

Ва бо таъмиру азнавсозӣ ва бунёди роҳҳои наву замонавӣ хизмате баҳри пешрафти диёр месозанд, ки номи неки ин гуна шахсони хархоҳу нек дар дилҳо абади боқӣ мемонад ва таърих низ аз онҳо бо гузашти солҳо ба хуби ёд месозад.