РОҲҲО ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО ВА МАСИРИ ДӮСТИВУ БАРОДАРИСТ.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Инкишофи инфрасохтори коммуникатсионии мамлакат ва пайваст намудани он бо шабакаҳои коммуникатсионии минтақавию ҷаҳонӣ ҳамчун идомаи татбиқи стратегияи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мушаххас гардида, вобаста ба ин корҳои муайян амалӣ гардонида шудаанд.

Ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва ғамхориҳои  доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон баҳри таъмиру аз навсозии роҳҳои марказӣ ва байни деҳаву маҳаллаҳо  аҳамияти ҷиддӣ дода, баҳри рафту омади доимии сокинону меҳмонон ва нақлётҳои автомобилӣ  тадбирҳои зарури андешида истодаанд, ки саҳми аъзоён, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия дар ин амали неку хайр назарас мебошад.