БАР  БОҒБОН УМЕДИ САМАР АЗ НИҲОЛ НЕСТ, НАХЛЕ, КИ СОЛХӮРДА ШАВАД  БОРВАР ШАВАД.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар урфият мегӯянд, ки гузаштагон дарахт шинониданд мо мева мехӯрем ва мо дарахт мешинонем то ин ки дигарон мева хӯранд.

Мардуми сарбаланди ноҳияи Балҷувон пайваста баҳри ташкили боғҳои ҳосилдиҳандаи мевадор талош намуда, баҳри таъмини буҷаи оилаи хеш ва таъмини эҳтиҷоти мардуми маҳаллӣ бо намудҳои гуногуни меваҷот ҳамасола боғҳои наву замонавиро ташкилу бунёд мекунанд.

Агар ин аз яктараф фаровони дар дастархони мардум бошад, аз тарафи дигар барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва аз ҷиҳати экологӣ ҳосил гардидани боду ҳавои тоза мусоидат мекунад.

Пирони рӯзғордидаву меҳнатдӯст пайваста насли ҷавонро дар масири меҳнатдӯстиву ватандӯсти тарбият намуда, аз мактаби зиндагии хеш ба онҳо панду андарз мегӯянд.

Ҳамин аст, ки ҷавонони саодатманди диёр бо пайрави аз мактаби бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат дар радифи пирони кор барои беҳтару хубтар гардидани некуаҳволии мардум ва ободии ҷомеа талош меваразнд.