ТАРБИЯИ ЭКОЛОГӢ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

Балҷувон: Созандагони ватан  

Масъалаи экологӣ дар замони муосир яке аз масъалҳои муҳими глобали ба ҳисоб рафта, натанҳо минтақа балки ҷаҳонро таҳдид намуда истодааст.

Вақте ки хонандагон ба таври амалӣ дар табиат мушкилоиҳои ҷойдоштаро мебинанд, пеш аз ҳама хулосабардори аз он менамоянд, ки бояд муҳити зист ҷойҳои ҷамъиятӣ тозаву озода ва инсон дар муҳити тозаи атмосфери зиндагӣ ва кору фаъолият намояд.

Ёдовари аз Консепсияи миллии тарбия менамоем, ки дар банди Тарбияи экологӣ чунин дарҷ гардидааст:  Дар асри ХХ ва оѓози асри ХХ1 экология ва ҳифзи муҳити зист аз масъалаҳои муҳими ҳаёти инсон гардид. Ба ифлосшавии муҳит на танҳо корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои хизмати маишӣ, нақлиёт ва ѓайра, ки партовҳои зиёди истеҳсолии ба саломатии инсон ва табиат зарарнокро ба табиат мепартоянд, балки инсонҳои алоҳида низ сабаб мешаванд, ки хошок, партовҳои зиндагиро ба ҳар ҷо мепартоянд, дарахтонро мебуранд, кабудизорҳоро нест мекунанд, ҳайвонотро шикор карда, ба камшавии саршумори онҳо сабаб мешаванд, гиёҳҳои шифобахшро решакан карда, мувозинати табиатро вайрон мекунанд. Ташкили тарбияи самараноки экологии шаҳрвандон имконият фароҳам меоварад, ки инсон муҳити зист ва биосфераро ҳимоя кунад, тоза нигоҳ дорад онро афзун гардонад ва худ дар он сиҳату саломат умр ба сар барад, муҳити аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба наслҳои оянда боқӣ гузорад. Тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳама, ҳимояи генофони миллатро дар назар дорад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳар як шахси масъул хусусан омӯзгорону устодон дар амалигардонии бандҳои Консепсияи милли тарбия бояд ҳиссагузори намоянд.