ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД, МАМЛАКАТ АЗ ДАСТИ ЗАН ГУЛЗОР ШУД.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар баробари мардон занон низ  дар ҳама корҳои созандагиву ободони  фаъол буда, аз худ ташаббусҳои неке нишон медиҳанд, ки мисраҳои шеъри боло далели ҳамин  гуфтаҳост.

Бо фарорасидани фасли зебои баҳор занони сарбалнду саодатаманди ноҳияи Балҷувон низ дар ҳашарҳои дастаҷамъона иштироки фаъолона намуда, барои гулзору шукуфо ва сарсабзу хуррамгардонии ноҳия саҳми шоиста мегузоранд.

Ин гувоҳи аз он аст, ки зан модар ободкору тозанигоҳдорандаи хонаву дар ва ҷомеа мебошад. Ҳамин аст, ки қадру манзалати занону модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тарафи Пешвои муаззами миллат дар ҷомеа баланд бардошта шуда, нисбати дастгириҳои онҳо тамоми тадбирҳои нек роҳандози гардидааст.