ҲАШАРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо пайрави аз мактаби ободкоронаву созандагонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон ҳашарҳои дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ баҳри ободиву сарсабзу хуррамгардонии Тоҷикистони биҳиштосо бо маром идома дорад.

Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Балҷувон низ пайваста баҳри тозаву озода ва сарсабзу хуррамгардони гирду атрофи муассисаву ташкилотҳо кӯчаву маҳаллаҳо талош варзида аз худ масъулияти баланд нишон медиҳанд.

Аъзоён ва фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии Балҷувон 2 дар Гимназияи давлатии ба номи Одинаев Санг-и ноҳияи Балҷувон баҳри тозаву озода нигоҳ доштани муассисаи таълимӣ тадбирҳои нек андешида, барои сарсабзии гирду атроф ниҳолҳои ҳамешасабз мешинонанд.