САРСАБЗУ ХУРРАМ МЕШАВАД ҲАР ГӮШАИ НОЗИ ВАТАН!

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ободу хуррамгардонии ҳар як гӯшаи хоки поки Ватан шиорест барои мо. Имрӯзҳо дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистони азиз ҳашарҳои дастаҷамъона барои сарсабзу хуррамгардонии кишвари маҳбубамон шуда истодааст, ки дар ин ташаббусҳои созандаву бунёдкорона аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ нақши бориз гузошта истодаанд.

Аъзо фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон барои бозҳам тақвият бахшидани ташаббусҳо дар самти ободиву сарсабзу хуррамгардонии  кӯчаву маҳаллаҳо, гулгашту боғҳо ва гирду атрофи ташкилоту муассисаҳо тадбирҳои нек андешида, нармкардани гирду атрофи дарахтони ҳамешасабз ва шинонидани ниҳолҳои сояафкан бо маром идома дорад.