СОҲИЛБАНДӢ БАҲРИ ПЕШГИРИ АЗ ҲАМАГУНА ҲОДИСАҲОИ ҒАЙРИМУТАШАККИЛИ ТАБИИ

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳукумати мамлакат пайваста баҳри пешгирии ҳама ҳодисаҳои ғайримуташаккили табии чораҳои зарури андешида, дар пайрави аз сиёсати ободкоронаву ғамхоронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони саховатпешаву ободкор рӯз то рӯз зиёдгардида истодаанд, ки баҳри ободиву пешрафти ҷомеа саҳми назарас мегузоранд.

Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон пайваста баҳри пешгири аз ҳамагуна ҳодисаҳои табии корҳои соҳил мустаҳкамкуниву ободкориро ба роҳ монда, баҳри пешгири аз чунин ҳодисаҳо бо дигар муассисаву ташкилотҳои дахлдор чораҳои сари вақти меандеашнд.

Ин навбат дар дарёи Талхаки ҷамоати деҳоти Балҷувон корҳои соҳил мустаҳкамкунӣ бо маром идома намуда истодааст, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ” дар ноҳияи Балҷувон бо аъзо фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия саҳми бориз гузошта истодаанд.