АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани донишҳои сиёсии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, тибқи нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Балҷувон  ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дарсҳои кушод зери унвони "Соати сиёсӣ" гузаронида мешавад.

Соати сиёсӣ дар мавзуъҳои “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, Артиш рамзи сулҳу субот ва оромӣ “Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Гимназияи давлатии ноҳия гузаронида шуд.

Зимни баромад вобаста ба ин мавзӯъҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз аз тарафи масъулин суханронӣ карда шуд.