СОАТИ СИЁСИ ВАСИЛАИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҶАҲОНБИНИИ МОСТ!

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки шахсони мутасаддӣ ва омӯзгорони фаъол дар МТМУ №1-и ноҳияи Балҷувон , соати сиёсӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Ташаббуси навбатии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хеле муҳим буданаш дар он аст, ки масъулияти тарбияи насли ҷавони бунёдгари ҷомеаи навинро ба душ гирифтааст, ки ҳадафу мақсади он таъмини роҳи пешгирифтаи сиёсати давлату ҳукуматро идома додан аст.

Зеро маҳз насли ҷавони соҳибистеъдод бо донишу малака ва қобилияти созандагии худ метавонад рушди босуръати ҷомеаро таъмин намояд.

Бояд қайд намоем, ки дар соати сиёсии баргузоргардида, масъалаҳои муҳим ва мубрами рӯз баррасӣ гардиданд, ки хонандагон ба худ ғизоӣ маънавӣ бардошт намуданд.