ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ БАҲРИ ОБОДИИ ДИЁР

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор шинохта шуда, аъзо фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб баҳри ободиву пешравии диёри нозанини биҳиштосои Тоҷикистони азизамон дар ҳама гӯшаву канори меҳани аҷдодиямон  саҳми шоён мегузоранд.

Бо ҳамин мақсадҳои неку амали сохтани ҳадафҳои бунёдкоронаву ободкорнаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва пайрави аз сиёсати ободкорнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Хироб” баҳри ободиву тозагии  гирду атрофи деҳаи Хироби ҷамоти деҳоти  Балҷувон ҳашари дастаҷамъона гузарониданд, ки дар он Роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Хироб” Собиров Ф, аъзо фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ҳизбии номбурда фаъолона иштирок намуда, роҳравҳои асосиро тозаву озода намуданд.