ОБОДКОРИВУ САРСАБЗУ  ХУРРАМГАРДОНИИ  ДИЁР  ВАЗИФАИ  ШАҲРВАНДИИ  МОСТ!

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Шуруъ аз моҳи  декабри  соли ҷорӣ  бо  ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Хоҷагии ҷангал" дар ноҳияи Балҷувон  маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҷамоатҳои ноҳия оғоз гардид.

Дар ин чорабинӣ фаъолон ва аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ бо роҳбарии  раиси ташкилоти  ибтидоии  ҳизбӣ  Раҳимов М. иштироки фаъолона намуданд.

Баҳри дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон тамоми тадбирҳои некро роҳандозӣ намуда, баҳри ободиву хуррамгардонии диёр дар якҷоягӣ бо дигар фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия саҳми назаррас гузошта истодаанд.