РОҲҲО - ПАЙВАНДГАРИ  ҚАЛБҲО

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳукумати мамлакат пайваста барои бунёду сохтан ва таъмири роҳҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ободкориву созандагӣ  дар меҳвари асосии сиёсати имрӯзаи Роҳбарияти  олии кишвар қарор дорад, ки имрӯзҳо чи  роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта низ пайваста таъмиру азнавсозӣ  мегарданд.

Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи пайвастаи  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои таъмири доими  аҳамияти ҷидди ва сифатнок анҷом додани корҳои роҳҳу роҳсозӣ  аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон нисбат ба сифатнокии роҳҳо баҳои баланд додаан ва дар миёни якқатор давлатҳо аз лиҳози созандагиву ободкории роҳҳо Тоҷикистон ҷой намоёнро соҳиб гаштааст.

Бо пайрави аз мактаби хирадмандонаву ободкоронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикситон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафи соҳибкорну шахсони саховатпеша зиёд гардида истодааст, ки баҳри ободии роҳҳову пешравии диёр саҳми шоён гузошта истодаанд.

Дар деҳаи Сари Мазори ҷамоати Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон боз як  иқдоми  неке ба анҷом расонида шуда истодааст, ки бо дастгирии соҳибкори ватандӯст, роҳравҳои обгузар аз сари нав таъмиру азнавсози гардонида шуда, дар амали шавии ин иқдоми хайрхоҳона  саҳми аъзоён, ҷонибдорон ва фаъолони ҲХДТ дар ноҳия низ назарас мебошад.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Зоирзода М.О. дар ин  амали нек иштирок намуда, барои иқдоми неку номи нек гузоштан дар ободии диёр ба масъулин изҳори миннатдорӣ намуд.