БАРГУЗОРИИ " РӮЗИ ЁДОВАРӢ"

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади пос доштани руҳу арвоҳи гузаштагон ва тозаву озода намудани гирду атрофи қабристонҳо дар ҷамоати деҳоти Балҷувон дар мазори "Бародарон"-и деҳаи Гулдара ҳашари дастаҷамъона бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон баргузор гардид, ки дар ин амали нек ва ташаббуси роҳандозигардида волонтёрони назди КИ ҲХДТ дар ноҳия иштироки фаъолона доштанд. Дар ин ҳашари дастаҷамъона гирду атрофи қабристон аз хасу хошок, алафҳо ва баргҳои хушкшуда тоза карда шуд.

Бояд гуфт, ки чунин ташаббус аз ҷониби ҳизбиён мунтазам амалӣ гашта, баҳри дар амал татбиқ намудани амалиёти ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ" мусоидат менамояд.