ТОҶИКОН АЗ ҚАДИМ МАРДУМИ ОБОДКОРУ СОЗАНДА БА ШУМОР МЕРАВАНД.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ТОҶИКОН АЗ ҚАДИМ МАРДУМИ ОБОДКОРУ СОЗАНДА БА ШУМОР МЕРАВАНД.

Ҳукумати мамлакат баҳри ободу зебо гардидани Тоҷикистони азизамон пайваста тадбирҳои нек андешида, баҳри бунёди роҳҳои замонавӣ ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ тамоми талоши хешро ба анҷом расонида истодааст.

Бо дастгириҳои шабонарӯзии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат диёри зебоманзари ноҳияи Балҷувон рӯз то рӯз зебову дилрабо гардида симои ноҳия дар як замони хело кутоҳ ба кули дигар шуда, яке аз гушаҳои зебои ватани азизамон ба ҳисоб меравад.

Пайрави аз мактаби созандагиву бунёдкоронаи Роҳбари Олии мамлакат дар ноҳияи Балҷувон зиёд гардида, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои пиёдагарди аҳамияти маҳалли дошта тадбирҳои саривақти меандешад, ки саҳми Муассисаи  давлатии нигоҳдории роҳҳои автомабилӣ дар ноҳия назарас мебошад.