ОБ САРЧАШМАИ ҲАЁТ ВА САРСАБЗИИ ТАБИАТ АСТ.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси ифтихору сарфарозии мо мардуми соҳибфарҳангу бо тамаддун аст, ки Тоҷикистони моро дар арсаи ҷаҳони ҳамчун кишвари обҳои мусаффо мешиносанд, ки ин ҳама дастовардоҳи беназир аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Об сарчашмаи ҳаёт ва сарсабзии табиат буда, наҷотбахши организмҳои зинда, олами наботот ва ҳайвонот мебошад.

Имрӯзҳо қисми зиёде аз давлатҳои руйи олам аз ҳисоби нарасидани обӣ ошомидани ва аз ҷиҳати экологӣ тоза танқиси кашида, бо мушкилотҳои зиёде рӯ ба рӯ мегарданд.

Хушбахтона, Тоҷикистони азизи мо аз ин мушкилоти доғи рӯз канора буда, чашмаҳои ширину обҳои мусаффояш давои ҳазорон дард ва лаззатфазои гуҳарбор дорад.

 

Пайрави аз мактаби ободкоронаву созандагонаи Пешвои муаззамии миллат рӯз то рӯз зиёд гардида, шумораи шахсони саховатпешаву хайрхоҳ меафзояд, ки ин аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва ғамхориҳои Роҳбарияти Олии кишвар дарак медиҳад.

Ҳамин аст,  ки аз тарафи соҳибкори саховатпешаву ватандӯст дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон хати оби нӯшокӣ ба масофаи  150 метр то МТМУ №2 ҷамоати номбурда  оварда шудааст.