СОАТИ СИЁСӢ ДАР АМАЛ ВА ТАДБИҚИ ТАРБИЯИ ҲАРБӢ- ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, меҳанпарастӣ ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасотӣ миллӣ, мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  МТМУ №1-и ба  номи Саидуқул Турдиеви ноҳияи Балҷувон бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба ва собиқадорон миёни хонандагон  ва ҷавонон Соати сиёсӣ дар мавзӯҳои зерин: “Нақши 30-солагии  Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  давлатдории навини тоҷикон”, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” гузаронида шуд.