ҲАР КАС, КИ ГУЗОРАД САҲМ, НОМАШ НАРАВАД АЗ ЁД

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳеҷ як давру замон номи шахсони неку хайрхоҳ ва саховатпеша аз хотираҳо дур намегардад, пайваста вирди забонҳо буда, шоистаи аҳсану офарин ва таҳсин мебошад.

Мактаби созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ҷавонони зиёдеро ба камол расонида истодааст, ки пайрави аз Пешвои муаззами миллат намуда, баҳри ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми назарасу шоиста гузошта истодаанд.

Маҳз дастгириҳои доимии  Ҳукумати мамлакат, Роҳбарияти Олии кишвар аст, ки соҳибкорони ватандӯсту саховатпеша бо дарки масъулияти баланди инсонпарваронаву меҳандӯстона баҳри ободӣ, пешрафт ва рушди ҷомеа корҳои неку созандаро ба анҷом мерасонанд.

Боз як ташаббуси беандозаи соҳибкорони ватандӯст дар сафолакпӯш гардонидани роҳҳои пиёдагарди маркази ноҳияи Балҷувон  сурат гирифт, ки ба ҳусни ноҳия зебогии дигарро зам гардонид.