МАҚОМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Балҷувон: Андеша  

Дар охири садаи XIX бо саъю талоши Аҳмади Дониш асосҳои илмиву назарии маорифпарварӣ, марому маслак ва идеалҳои иҷтимоиву маънавии равшангарӣ ташаккул ёфт. Ба андешаи мо ин дигаргуниҳо ва талошҳои пайгирона барои ба вуҷуд омадани давраи дуюми ҷунбиши маорифпарварӣ, яъне давраи амалӣ шудани марому маслакҳои Аҳмади Дониш ва пайравони ӯ замина гузошт. Чунин ба назар мерасад, ки насли дуюми маорифпарварӣ фаъолияти худро асосан ба кушодани мактабҳои усули ҷадид, дарсномаҳои нав, чопи рӯзномаву маҷаллаҳо, тарғиби мароми равшангарӣ равона карда буданд.

Ин маромҳо дар ибтидои қарни XX ба мухолифатҳои сиёсиву гурӯҳӣ рӯ ба рӯ шуда бошад ҳам, вале аҳли равшангарони тараққихоҳро дар чорчӯбаи шахшудаи бозмондагӣ нигоҳ дошта наметавонист. Чи хеле ки мебинем, вазифаю ҳадафҳои ин ҳаракат пеш аз ҳама раҳонидани ҷомеа аз ҷаҳолату нодонии замони тираю тор буд. Барои расидан ба ин ҳадаф ғарбиён бештар ба воқеъияти амал ва воситаи ҳақоиқи таҷрибашуда такя намуда, аз анъанаву одатҳои ноозмуда даст кашида, ҷаҳлу ҳурофот ва таассубро фурӯ менишонданд. Ин талошҳо, аксаран ба олами Ғарб имконпазир буд, бинобар ин ҷараёни маорифпарварӣ дар як муддати кӯтоҳ тамоми Аврупоро фаро гирифт. Мақолаи Имануэл Кант «Рӯшангарӣ чистном дошта, бо инобати вазъи ислоҳотхоҳонаи он замон ба ҷанбаҳои амалии ин ҷараён характери иҷтимоӣ дода чунин қайд мекунад: «Раҳоии инсон аз вазъи худхостаи ҳақорат ва дастёбии ӯ ба мароҳили булӯғе, ки дар таслим ва ҳисороташ барои ба коргирии фаҳми худ бидуни кӯмаки дигаре мутаҷалло мешавад…» 

 Чи хеле ки мебинем, Кант замони то рӯшангароиро «вазъи худхостаи ҳақорат» ҳисобида, «раҳоии инсон»-ро аз ин вазъ «ба коргирии фаҳми худ бидуни кӯмаки дигаре» мебинад. Чунин ба назар мерасад, ки «коргирии фаҳми худ»- гуфта, Кант ташаккули тафаккури илмию ислоҳотхоҳонаро шояд дар назар дошта бошад, «бидуни кӯмаки дигар», яъне ба дастури дигарон ва дар асоси хусусиятҳои хоси ҳамон кишвар амалисозии ҳаракати рӯшангароиро дар назар дорад. Шояд Кант тарафдори мустақилона ҳал намудани мушкилоти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаро дошта, аз интиқоли иҷбории инқилобҳои сунъии оянда дар ташвиш буд. Кушодани мактабҳои нав, таъсиси маҷаллаҳою рӯзномаҳо танҳо бо дастгирӣ ва роҳбарии бегонагон ба вуҷуд меомад.

Аз рӯи шаҳодати устод Айнӣ дар «Таърихи инқилоби Бухоро» на танҳо дастандаркорони аморат, балки мударрисону уламо, аз қабили Мулло Қамар бо супоришу дастури бегонагон ба таъсиси мактаби замонавии тоҷикӣ дар Бухоро мухолифат мекарданд. Ҳукумати вақт ба фаъолияти мактабҳои тоторию туркӣ ягон монеа эҷод намекард. Устод Айнӣ ва ҳаммаслакони ӯ аз фаъолони насли дуюми маорифпарварии тоҷик буда, бо фаъолияти боҷуръатонаи худ дар амалӣ намудани ормонҳои гузаштагон талош меварзиданд. Вале замон ва бедории мардум дар назди зиёиён вазифаҳои навро ба миён меовард. Дар даҳаи аввали асри ХХ яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки диққати ҳамагонро ба сӯи худ мекашид, таъсиси рӯзномаҳои ҷадид ва содаву оммафаҳм кардани забони матбуот буд. Пайванди Гулмуродзода дар маҷмӯаи «Забон ва худшиносии миллӣ», ки мақолаҳои зиёиёни ибтидои қарни ХХ-ро дар бар мегирад, ин равандро чунин арзёбӣ мекунад: «Вале масъалаи сода ва оммафаҳм кардани забон баробари таъсису ба чоп расидани нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» ба миён омада, баҳси гармеро дар бар гирифт, ки каломи публисистӣ чунин муносибатро тақозо мекунад. Матбуот мувофиқи ҳоли аксари мардум бояд сухан гӯяд ва забонаш оммафаҳм бошад. Аз ин ҷост, ки сардабири рӯзномаи «Бухорои шариф» Мирзо Ҷалол Юсуфзода ҳанӯз дар шумораи аввал эълон дошт: «Мо бояд муносиби ҳоли оммаи мардум сухан гӯем, салоҳи амри умумро дар назар дошта бошем» 

Мураттиб дар маҷмӯа нахустмақолаҳои рӯзноманигорони даҳаи аввали қарни ХХ Мирзо Ҷалол Юсуфзода ва Саидризо Ализода -ро оид ба забон ҷой додааст, ки баёнгари мавқеву мақоми ду нахустмуҳарррири нашрияҳои сирф тоҷикианд. Муҳаққиқ дар сарсухани худ нақши рӯзномаи «Бухорои шариф» ва ҳафтаномаи «Шӯълаи инқилоб»-ро дар баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ ва дарки худшиносии миллӣ махсус таъкид намудааст, ки дарвоқеъ, дар он солҳо ба майдон омадани ин нашрияҳо дар ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷик воқеаи муҳиме буд.

Солҳои охир аз матбуоти солҳои 20-ум матолибе, ки ба замони истиқлол ҳамоҳангӣ доранд, бо кӯшишҳои муҳаққиқон бештар дастраси хонандагон мегарданд, ки бешак, ин иқдоми наҷиб метавонад ба такомули тафаккури худшиносии имрӯзиён хизмат намояд. Дар навбати худ он ба кашфи ғояҳои нави пешбар ва кушодани моҳияти иҷтимоӣ—сиёсии воқеаҳои он давр раҳнамун мегардад. Ҷои тазаккур аст, ки заминаи илмии матолиби оид ба масъалаи забон ва адаб қавию устувор мебошад, зеро муаллифони он мақолаҳо аксаран резахӯри хони мадрасаҳои тоинқилобӣ буда, ба қавли маъруф ҳамчун донишмандони соҳибмутолиа ном бароварда буданд.

Сониян, зиёиёни солҳои 20-ум аз давраҳои бархе аз маҳофили адабие таълими савод гирифта буданд, ки дар саргаҳи онҳо Садри Зиё барин мунавварфикрон қарор доштанд. Маҳз ҳавлии адабии Садри Зиё тавонист ба тарбияи насли нави зиёиёни пешқадам мусоидат ва анъанаҳои гузаштаи ниёгонро барои ояндагон дастрас намояд.

Насиба Абдуллоева, Узви фаъоли ҲХДТ, Сармутахассиси шуъбаи маорифи МИҲД ноҳияи Балҷувон